18 Июн 2026 - 11:34
Source: ABNA
Шайх Наим Қосим: Муқовимати Лубнон 3185 амалиёт анҷом дод; Исроил рафтанӣ аст

Котиби умумии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии худ дар маросими Ашӯро, бо сипосгузорӣ аз Эрон, дастовардҳои Муқовиматро баён кард ва гуфт: Муқовимат 3185 амалиёт анҷом дод, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 30 амалиёт мебошад.

Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Манар», шайх Наим Қосим, котиби умумии Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар маросими Ашӯро дар назди мақбараи Сайид Ҳасан Насрулло гуфт: Имрӯз мо маросими Ашӯроро дар назди оромгоҳи Сайиди шаҳидони уммат, Сайид Ҳасан Насрулло, баргузор мекунем ва аз баракати ин ҷойгоҳи бузург баҳраманд мешавем; зеро ки ӯ дар ин маросимҳои бузургдошт ҳузур дорад, зеро ки ӯ илҳомбахш, бунёнгузор ва сохтгори ин роҳ буд.

Шайх Наим Қосим сипас ба таҳаввулоти минтақа пардохт ва гуфт: Ба миллати Эрон, ҷараёни муқовимат ва миллатҳо ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ки ба истиқлол ва озодӣ муштоқанд, ба муносибати ин пирӯзии бузург табрик мегӯем.

Вай инчунин аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сипосгузорӣ кард ва изҳор дошт: Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири пайванд додани майдони Лубнон ҳамчун муқовимат ва миллат бо омодагӣ ба фидокорӣ ва маҷбур кардани режими сионистӣ ба боздошти таҷовуз сипосгузорем.

Котиби умумии Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: Ҳадафи ин ҷанг сарнагун кардани низоми Эрон буд, аммо намоиши қудрати Амрико шикаста шуд ва лоиҳаи истиморӣ (мустамликавӣ)-и Вашингтон бар зидди Эрон ноком шуд.

Вай афзуд: Набояд ҷангеро, ки бар зидди Эрон ҷараён дошт, ночиз шуд; зеро ҳадафи он сарнагун кардани низоми Эрон ва несту нобуд кардани зиндагии соҳибэҳтиром ва мустақил дар Эрони инқилобӣ буд, аммо ин ҳадаф ноком шуд ва раванди таҳаввулот тағйир кард.

Котиби умумии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома гуфт: Ҷабароти Амрико шикаста шуда ва лоиҳаи истимории Вашингтон бар зидди Эрон ноком шудааст. Мувозинати қудрат дар минтақа тағйир хоҳад кард.

Вай дар бахши дигари суханронии худ бо ишора ба вазъи Лубнон, гуфт: Муқовимат дар Лубнон бо таҷовузи режими сионистӣ рӯбарӯ аст ва нишонаҳо аз он ҳакӣ доранд, ки ин режим Лубноне нотавон мехоҳад, то битавонад онро ишғол ва дар худ ҳамгун (зам) кунад.

Наим Қосим афзуд: Ҳақоиқи мавҷуда нишон аз тавсеъахоҳии Исроил дорад. Муқовимат дар Лубнон бо таҷовузи Исроил муқобила мекунад ва шоҳидҳо нишон медиҳанд, ки Исроил хоҳони Лубноне заиф аст, то битавонад онро ишғол ва ҳамгун кунад. Сарвазири душман ошкоро лоиҳаи «Исроили Бузург»-ро эълон кардааст.

Вай таъкид кард: Лоиҳаи Исроил дар Лубнон, ҳазфи иҷтимоӣ, низомӣ ва фарҳангии Ҳизбуллоҳ аст ва ин ба манзилаи несту нобуд кардани қисмати бузурге аз мардуми Лубнон тавассути куштор, кӯчонидан ва интиқол ба маконҳои дигар, барои осон кардани ҳамгун (зам) кардани Лубнон мебошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha